Activities calendar

15 сентябри 2015

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ баъд аз ҷаласаи ШАД СААД

Муҳтарам намояндагони матбуот,
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,
Бо  эътимоди  пурра метавон тасдиқ кард, ки ҷаласаи кунунии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  аз нуқтаи назари коркарди муносиботи умумии кишварҳои аъзо нисбат ба мушкилоти муҳими вазъияти муосири байналмилалӣ, баҳодиҳии хусусиятҳои он ва тамоюлҳои пешбарандаи вазъият дар ҷаҳон ва минтақа хеле самаранок буд.
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Ҷумҳурии

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ШАД СААД дар ҳайати васеъ

Ҳамтоёни муҳтарам,
Дӯстони азиз,
Дар ин иҷлосия вақти натиҷагирии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД расид. 
Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор,  баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем.  Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи  Шӯрои амнияти

Э.Раҳмон кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД –ро аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо самаранок арзёбӣ намуд

Зимни  брифинг бо рӯзноманигорон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  кори ҷаласаи Шӯрои  Амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро  аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо оид  ба масъалаи муҳими вазъияти  муосири байналмилалӣ, арзёбии хусусиятҳои он ва тамоюли асосии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа  самаранок арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ҷаласа суҳбати ошкоро дар бораи вазъи  ҳамкорӣ

Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД аст

Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як зумра тадбирҳо оид ба мукаммал намудани фаъолият дар доираи СААД ба нақша гирифта шудаанд. Бахусус, инҳо тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани омӯзишҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.

Э. Раҳмон сарони давлатҳои СААД-ро ба муттаҳиднамоии кӯшишҳо зидди таҳдиду хатарҳои минтақа даъват кард

Имрӯз дар  ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД  натиҷагирӣ  шуд. 
«Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор,  баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем.  Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи  Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта,  ки моҳи декабр баргузор гардида буд  ва  афзалиятҳое, ки дар

Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи олии СААД дар Душанбе

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. 
Қабл аз ҳама ба Қасри Миллат Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко ва сипас сарони дигар давлатҳо низ ворид шуданд.

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оғоз ёфт

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ба кори худ шуруъ намуд. 
Ҳоло ташрифи сарони давлатҳои аъзои СААД ба

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки шоми имрӯз барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд. 
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики

Н. Назарбоев:«Қазоқистон Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ менамояд»

«Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз  муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми имконот истифода хоҳад кард ва ҳамеша Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ менамояд». Ин матлабро Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе

Хабарнигорон мунтазири мулоқоти сарони кишварҳоянд

Хабарнигороне, ки ҳоло  дар толори хониши электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор доранд, мунтазири мулоқоти сарони кишварҳо ҳастанд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 15-уми сентябр аз соати 10:20 то 10:40 мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар «Қасри миллат» сурат гирад.
Соати 10:50 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж