Activities calendar

22 сентябри 2015

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди қурбон

Ҳамватанони азиз!
Ба муносибати Иди саиди қурбон, ки рӯзи 24-уми сентябр фаро мерасад, ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишварамон мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор

Омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз баракати соҳибистиқлолии кишварамон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми шарифамон ва дар натиҷаи заҳмати созандаву ободгаронаи халқамон барои фарзандони лаёқатманди водии Ҳисор мактаби Президентӣ расман ифтитоҳ гардид.
Расман ифтитоҳ шудани мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд ба устодону

Ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор

Худи ҳамин рӯз дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро расман ифтитоҳ намуд.
Дар саҳни ҳавлӣ Сарвари давлатро хонандагони хуштолеъ бо суруду шеърҳо дар васфи Ватан ва пешвои халқ истиқбол гирифтанд.
Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ дар

Ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар ноҳияи Ҳисор

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Кохи фарҳангро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанг асос гузошт.
Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Ифтитоҳи Китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Ҳисор

Дар маркази ноҳия - шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ Китобхонаи марказии ноҳияро низ расман мавриди истифода қарор дод.
Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию  шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 10 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти Дорои

Ифтитоҳи Осорхона дар ноҳияи Ҳисор

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхонаи ноҳиявиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод.
Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 -  солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Сарвари давлат бунёд ёфта аст.
Дар бино тарҳу ороиш ва нақшу нигори асри миёнаро бо муосир омехта намудаанд, ки ба ин иншоот шукуҳу шаҳомати хоса зам кардааст.
Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории

Сафари корӣ дар ноҳияи Ҳисор

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 - солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.
Дар ҷамоати деҳоти Сомон дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода сокинони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбарияти давлат мебошад, гарму