Activities calendar

25 сентябри 2015

Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамҷиди ӯ аз қаҳрамониҳои афсарону сарбозон дар амалиёт алайҳи гурӯҳҳои террористӣ

Суханронӣ зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар!
Фарзандони далеру шуҷои Ватан!
Чорабинии имрӯзаи мо ба хотири анҷоми муваффақонаи амалиёти махсус, ки рӯзҳои 4-16 - уми моҳи сентябр барои дастгир ва безарар гардонидани хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик гузаронида шуд, доир гардида истодааст.   

Вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии Сарвари давлат бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Баъди садои суруди миллӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки барои таъмини амният