Activities calendar

05 августи 2016

Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун ва суҳбати гарму созанда бо коргарони матиниродаи ин иншооти муҳим дар як макони зебову дилфиреби шаҳр бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир кард.

Боздиди Президенти кишвар аз мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун

Рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли анбори захираҳои маводи шағалзаминӣ боздид ба амал овард.
Тавре иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як рӯз то ба 30 ҳазор метри кубӣ маводи шағалзаминӣ ба анбор кашонда мешавад.