Activities calendar

20 августи 2016

Гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар Рио – 2016 медали тиллоро ба даст овард

Гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи  78.68 м партоб намуда, медали тиллоро ба даст овард.

ИН ҒАЛАБА БА КУЛЛИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!!!
ОФАРИН ДИЛШОДҶОН!!!​