Activities calendar

08 сентябри 2016

Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 25 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Фардо ба санаи сарнавиштсозу муқаддас - истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, бисту панҷ сол пур мешавад.

Сухани табрикотии Пешвои миллат дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафиқон генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони шуҷои Ватан!
Ҳамватанони азиз!
Фардо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи муқаддасу фархундаи миллӣ - биступанҷсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу осоиштаи Ватан бо ифтихору сарфарозӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ таҷлил менамоянд.

Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид.
Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, сардори гарнизони ҳарбии Душанбе