Activities calendar

06 ноябри 2016

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!
Фардо 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 22 сол сипарӣ мегардад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бо ифтихору шодмонӣ ба муносибати ин санаи воқеан таърихӣ табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу осоиш ва ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.