Activities calendar

24 ноябри 2016

Парчам–рамзи Истиқлолият

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки  имрўз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд.
Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати соҳибтамаддун  аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.