Activities calendar

17 августи 2017

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расонд!»

Тайи солҳои 1997-2016 дар ноҳияи Ҷайҳун тавассути дастгирии давлат, инчунин бо кумаки соҳибкорон даҳҳо бинои нави таълимӣ ва 271 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуда, дар маҷмӯъ, барои беш аз 7200 ҳазор нафар хонанда шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст. Ин нуктаро  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун

Ифтитоҳи бинои нави Маркази ҷавонон дар ноҳияи Дӯстӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар вазъи мутантан бинои нави Маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлатро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон насли  хуштолеи замони истиқлол — ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хосса истиқбол намуданд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1»-и ноҳияи Дӯстӣ

Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷиликул аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1» дидан намуданд.

Ифтитоҳи Мактаби №16 дар деҳаи “Роҳи нав”-и ноҳияи Дӯстӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва  ҷавонони ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».
Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт

Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва пайваста рушду инкишоф ёфтани фаъолияти минбаъдаи соҳаи фарҳанги мамлакат ва муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, инчунин ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун

Ҳамдиёрони зиз!
Ноҳияи Ҷайҳун яке аз мавзеъҳои аз лиҳози кишоварзӣ асосиву муҳимми вилояти Хатлон ва кишварамон ба ҳисоб рафта, бо заминҳои ҳосилхез, обҳои фаровон ва муҳимтар аз ҳама, бо мардуми заҳматкашу ганҷофараш шуҳрат дорад ва хусусан, солҳои охир дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”

17 августи соли 2017 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони он суҳбати самимӣ доир карданд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд.

Ифтитоҳи дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон» дар ноҳияи Ҷайҳун

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.
Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар ин ҷо барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро

Иштироки Пешвои миллат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлатро дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун