Activities calendar
22 августи 2017
МАҲОРАТИ СУХАНВАРӢ
Нашр шуд. Сеш, 22/08/2017 - 16:29Лоиҳаи "Маҳорати суханварӣ" тариқи телевизиони "Баҳористон" пахш гардида, то имрӯз дар ин лоиҳа беш аз 250 нафар иштирок намудаанд. Беҳтарин суханварон барои кор дар Муаассисаи давлатии телевизиони "Баҳористон" ҷалб гардидаанд.
БОЗЁФТ
Нашр шуд. Сеш, 22/08/2017 - 16:22Лоиҳаи телевизионии "Бозёфт" тариқи телевизиони "Баҳористон" пахш гардида, ҳадафи он муаррифӣ ва шиносоии ихтироъкорони ҷавон мебошад. Озмуни мазкур соле як маротиба баргузор гардида, беҳтарин ҷавонони навовар ва ихтироъкори бо диплом ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
ПАРВИН
Нашр шуд. Сеш, 22/08/2017 - 16:20Лоиҳаи телевизионии «Парвин» тариқи телевизиони "Баҳористон" пахш гардида, он ба хотири мустаҳкам намудани тарбияи наврасон, бедор намудани ҳисси муҳаббат ва дӯстдории наврасон нисбат фарҳанг ва арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Инчунин, ин лоиҳа дар шинохт ва кашфи наврасони соҳибистеъдод дар заминаи мусиқии суннатӣ мусоидат мекунад.
Дар асоси ин лоиҳа наврасони боистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ҳаққи иштирокро доранд. Ҳакамон истеъдод ва маҳорати иштирокчиён-наврасон, дастаҳои ҳунарӣ, ансамблҳои рақсӣ, навозандагон, дастаҳои ҳамсароён (хор) ва ғайраҳоро бо холҳо баҳогузорӣ мекунанд.
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ таҳти унвони «ХУШ ОМАДЕД, МЕҲМОНОНИ БАДАХШОН!” дар вилояти Суғд оғоз гардид
Нашр шуд. Сеш, 22/08/2017 - 12:16Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.
Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки 21 август иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ- ро сокинони ноҳияи Айнӣ зери садои карнаю сурнай бо нону асал гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Меҳмонони бадахшонӣ дар назди муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Пешвои миллат ва таърифи Истиқлолият
Нашр шуд. Сеш, 22/08/2017 - 09:10