Activities calendar

01 сентябри 2017

Тоҷикистон ва Чин: муносибатҳо ба сатҳи нав мебароянд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 30 август то 1 сентябри соли 2017 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Ин мулоқоти дуюми сарони ду кишвари дӯст дар соли равон мебошад.

Чин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон ва Чин нахустин шуда Барномаи ҳамкорӣ дар доираи Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешимро ба имзо расонданд

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дирӯз, 31 август Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — Профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

Рӯзи 1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии