Activities calendar

02 сентябри 2017

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг

Ҳамчунин як мулоқоти самимӣ ва созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг доир намуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан

Дар шаҳри Пекин ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан мулоқот карданд.

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе мулоқот карданд.

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE), муассиси ширкат Хоу Вейгу

Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент Зетеӣ (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шан

Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.

Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.