Activities calendar

06 сентябри 2017

Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Россияро доранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад

Моҳи августи соли равон беш аз  1 ҳазору 503  нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ба  шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри  Душанбе   муроҷиат намудаанд.Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, ба ҳар шаҳрванди     қабулгардида барои омодагии пеш аз сафар ба Федератсияи Россия маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода,

88-умин мавсими театрӣ дар Тоҷикистон ба 60- солагии фаъолияти Ҳошим Гадоев бахшида шуд

Бегоҳии дирӯз дар назди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо садои карнаю сурнай, рақсу бозии ҳунармандон ва иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, илму адаб ва мухлисони зиёди саҳнаи театри тоҷик маросими кушодашавии 88-умин мавсими театрӣ баргузор гардид.Дар толори якуми театр аксҳо аз нақшҳои офарида ва китобҳои таълифнамудаи Ҳошим Гадоев ба намоиш гузошта шуда буд

«Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»- фестивали либосҳои миллӣ дар Хатлон

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»-ро дар маркази вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки занону духтарони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти