Activities calendar

07 сентябри 2017

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Дар нимаи дуюми 7 сентябри соли 2017 бо ибтикори ҷониби Туркия миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат пазируфт.
Дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар

Нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» дар Душанбе доир гардид

Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, филм ба ифтихори 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар ҳамкорӣ бо шабакаи СМ-1 шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст. Филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос менамояд. Қаҳрамони асосии филм писараке бо номи Армон аст, ки падараш баҳри ҷамъ кардани маблағ барои хатнасури ӯ ба Россия рафта, бедарак мешавад. Армон бо вуҷуди хурдсолӣ мардонавор ба мушкилиҳои рӯзгор тоб оварда, худ кӯшиш мекунад, ки барои

Кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардиданд

Дар арафаи 26-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардиданд. 
Рӯйхати комили кормандони мукофот гирифта чунин аст:
 
Мукофотҳои  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Саидов Носир –директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2.Пирумшоев Салимшо-саррасоми шуъбаи

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ

«Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини