Activities calendar

12 декабри 2017

Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва