Activities calendar

15 майи 2018

Иштироки президентҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус дар Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.
 
Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президент