Activities calendar

26 июни 2018

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами  28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри  соли 2017 оғоз гардида,  моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” — ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” аз тарафи муассисон- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” — и Туркия бунёд шуд.

Ифтитоҳи ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, кӯдакистон ва чойхона дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафар имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.