Activities calendar

23 июли 2018

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақа шарики стратегӣ мегарданд

Интизор меравад дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи августи соли равон дар назар аст, байни ду давлати дӯсту ҳамсоя –Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоише, ки 20 июл

ДӮСТӢ САРҲАД НАДОРАД. Тақдими як зумра китобу адабиётҳои Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дирӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамчун рамзи тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи китобу адабиётҳои гуногунро,  ки  тӯли солҳои истиқлолияти давлатии ин кишвари дӯст нашр гардидаанд, тақдим намуд.