Activities calendar

22 октябри 2018

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагию қолинбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.

Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корхонаи мазкур аз ҷонби соҳибкори ватанӣ Исмоил Самадов бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагию қолинбофӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии «Нурафшон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи сафари кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии «Нурафшон»-ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд.

Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Субҳи рӯзи 22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.