Activities calendar

23 октябри 2018

Азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон баъди навсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.