Activities calendar

24 октябри 2018

Ба истифода додани ҶСК «Ариана Металл Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок намуданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд

Муҳтарам намояндагони аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд! Устодону омӯзгорони гиромӣ ва фарзандони азиз!

Ифтитоҳи Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.