Activities calendar

05 ноябри 2018

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 27 дар деҳаи Паркамчии деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

Ҳозирини муҳтарам! Тавре ки медонед, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, умуман, аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки мақсад аз он вусъат додани амалҳои созандагиву ободкорӣ ва ба ин васила ба арсаи ташаббусу иқдомҳои бунёдкорӣ табдил додани ҳар як гӯшаи Ватанамон мебошад.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» дар ноҳияи Данғара

Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» шинос шуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва Маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.

Ифтитоҳи Корхонаи муштараки «Муосир» дар ноҳияи Данғара

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.

Оғози фаъолияти навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки фардо таҷлил мегардад, табрик менамоям.

Ба истифода додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.