Activities calendar

17 ноябри 2018

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони гиромӣ! Оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад, ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидем.