Activities calendar

15 июли 2019

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,- хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.

16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегарданд.