Activities calendar

31 январи 2020

«Сомон Эйр» парвозҳоро муваққатан дар масири Душанбе –Урумчӣ қатъ намуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд, ки моҳи феврали соли 2020 парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчи-Душанбе муваққатан қатъ намояд. Ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони худ барои эҷоди нороҳатӣ, ки бо сабаби таъмини бехатарӣ ба амал омадааст, узрхоҳӣ менамояд.

Тоҷикони Уфа: «Дар ободии Ватани аҷдодӣ-Тоҷикистон саҳм мегузорем»

Ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов дар доираи сафари корӣ дар Федератсияи Россия 29 январ аз шаҳри Москва ба шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон рафт. Ҳайати мазкур бо роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангӣ, диаспораҳо, соҳибкорони тоҷик, намояндагони Палатаи савдо ва саноат, инчунин роҳбарияти ин минтақа мулоқоту суҳбатҳо анҷом доданд.

Тоҷикистон ва дигар давлатҳои СААД ба паради Ғалаба дар Москва 75- нафарӣ низомӣ мефиристанд

Тоҷикистон ва дигар давлатҳои иштирокдори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) барои иштирок дар парад бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки 9 майи соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мешавад, 75-нафарӣ низомӣ мефиристанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иттилоъ дод.

КОРОНАВИРУС: дар ҷаҳон ҳолати фавқулода эълон карда шуд

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) паҳншавии коронавируси навро дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳолати фавқулода эътироф кард. Дар ин хусус дирӯз, 30 январ дар ҷаласаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон қарор қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СУТ.