Activities calendar

15 июни 2020

КӮРДИЛРО ТИНАТИ АҲРИМАНИСТ. Мулоҳизаҳои узви Иттифоқи журналистон Комрон Сафаров доир ба шахсони дорои тинати сиёҳ, ки таҳаммули равшаниро надоранд

Мегӯянд, ки ҳар касе дар торикӣ одат кардааст, аз рӯшноӣ сахт метарсад. Ин суханро ҳоҷати шарҳ додан нест, вале агар аз ҳар нуқтаи назар ҳам сари маъною мақсади он ҳарф занем, хулоса як аст: Шахсе, ки тинати сиёҳу торик дорад, ҳеҷ гоҳ таҳаммули равшанию равшанзамиронро нахоҳад дошт, — чунин нигоштааст узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Комрон САФАРОВ  дар матлабе, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардид.