Activities calendar

10 феврали 2021

Ислоҳот фарогир аст ва дигаргуниҳо зиёданд

10 феврали соли 2021 нишас­ти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишаст ба суолҳои сершумори доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки фарогири паҳлуҳои гуногуни соҳа буданд, раиси Кумита Нуриддин Саид, муовинони раис ва дигар шахсони масъул ҷавобҳои мушаххас дода, вазъ ва дурнамои фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радио­ро таҳлилу баррасӣ намуданд. Бо мақсади огоҳии комили хабарнигорон аз фаъолияти Кумита қабл аз саволу ҷавоб маълумоти фишурда пешниҳод карда шуд. Хабарнигорон пас аз шунидани маълумот оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар сохторҳои шомили Кумита суолҳо пешниҳод карданд.