Activities calendar

27 майи 2021

Муҳоҷир, огоҳ бош

Ту меҳнат мекунӣ, то ҳалолтарин рӯзиро барои зану фарзандонат фароҳам оварӣ. Бояд ифтихор дошта бошӣ, ифтихор аз луқмаи ҳалол. Лекин дар баробари ин дониста бош, ки муҳоҷирати меҳнатӣ як раванди табиӣ буда, ихтиёрӣ сурат мегирад. Худат нағз медонӣ, ки танҳо тоҷик муҳоҷир нест. Шояд бо ҳазорон ӯзбеку қазоқ, қирғизу афғон, турку озар ва фарзандони дигар халқу миллатҳо дар муҳоҷират дӯст шудаӣ. Яъне, ба мисли ту муҳоҷирон аз тамоми халқу миллатҳо ҳастанд. Шояд огоҳ ҳам ҳастӣ, ки имрӯз садҳо нафар шаҳрвандони Чину Туркия, Ҳинду Афғонистон ва кишварҳои дигар дар Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият доранд.