Activities calendar

30 майи 2021

Озмуни адабии «Эъҷози сухан» оғоз шуд

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Нуриддин Саид, муовинони раис, роҳбарони зерсохторҳои Кумита ва иштирокчиён озмуни адабии «Эъҷози сухан» оғоз гардид.

Нахуст, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба сухан баромада, ҳамаи ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва ба иштирокдорон барори кор таманно сипас. Мавсуф зикр дошт, ки озмуни мазкур дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои банди 21-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи