Activities calendar

05 июни 2021

Эъҷози сухан ва беҳтаринҳои он

Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони  "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаъмбаст гардид.

Озмун дар доираи иқдому ташаббусҳои маорифпараварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, лаёқатмандонро дар номинатсияҳои шеърдониву китобхонӣ муррифӣ кард.

Ҷамъбасти озмуни “Эъҷози сухан”

Имрӯз дар Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни адабии “Эъҷози сухан” ҷамбаст гардида, ғолибону иштирокдорони фаъол бо ҷоизаву мукофотпулиҳоро сарфароз гардонида шуданд.