Activities calendar

23 ноябри 2021

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчамӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис муовини якуми раиси Кумита Субҳиддин Шамсиддинзода ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият,  муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.

Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи синамо ва аниматсия бо ширкати “Акуйла Эмас”-и Малайзия

Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо директори иҷроияи ширкати малайзии “Акуйла Эмас” Аҳмад Нуршаҳризан ибни Муҳаммад Исо мулоқот намуд.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати малайзии “Акуйла Эмас” дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ шуданд.

Нахуст Раиси Кумита оид ба сохтору фаъолият, хусусият ва моҳияти шабакаҳои телевизионию радиоии мамлакат маълумот дод.