Activities calendar

12 марти 2022

Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.

Аз 15 марти соли 2022  фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора имрӯз қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».