Activities calendar

26 сентябри 2022

Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардиданд.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.

Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд

ТВТ.26.09.2022.  25-уми сентябр Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.