«Диққат, диққат, ин ҷо…» Аввалин бор Радиои Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 садо дода буд

Аввалин маротиба 10 апрели соли 1930 садои Радиои Тоҷикистон бо ибораи «Диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон ва Театри ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар фазои пойтахти Тоҷикистон паҳн гардида буд. Аввалин наттоқи ин радио Агрепина Рженовская аз рӯзи аввал бо садои буррои худ ба дили шунавандагон ҷой гирифт.
Дар оғози фаъолият доираи шунавандагони радио маҳдуд буд, зеро он вақт ҳамагӣ 20 дастгоҳи садодиҳӣ дар ҷойҳои серодам насб карда шуда буданд. Пас аз чанд муддат теъдоди шунавандагони радио зиёд гардид, зеро садои он фазои пойтахтро убур карда, дар ноҳияҳои тобеи он-Ҳисору Ваҳдат, Файзобод, Варзоб танинандоз гардид.
Дар оғози фаъолият дар баробари нашри «Радиогазета» ва барномаҳои мусиқӣ, гуфторҳои радиои Москва дар соатҳои муайян пахш мегардиданд.
Ҳамин тавр 87 сол муқаддам дар фазои иттилоотии Тоҷикистон расонаи муҳими хабарӣ арзи вуҷуд кард, ки имрӯз ба як воситаи пурқудрати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Радиои Тоҷикистон» табдил ёфта, доираи шунавандагонаш ба миллионҳо нафар расидааст.
Да ин даргоҳи хабарии мамлакат чандин нафар рӯзноманигорону адибон фаъолият кардаанд, ки аз он ҳамеша бо ифтихори хоса ёдовар мешаванд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки кишварро нооромиҳо фаро гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, «Радиои Тоҷикистон» бо пахши барномаҳои худ, махсусан барномаи «Хоки Ватан» тавонист ҳамватанони моро, ки гуреза шуда буданд, ба Ватан бозгардонад. Зеро ба воситаи ин барнома сиёсати сулҳҷӯёнаи ҳамонвақтаи Тоҷикистон ба самъи шунавандагон расонида мешуд.
Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис додани радиоро дар ҳаёти фарҳонгӣ ва сиёсии Тоҷикистон бисёр воқеаи фараҳбахш ва таърихӣ арзёбӣ намуда, гуфт: «Ман фикр мекунам, ки дастандаркорони таъсиси Радиои Тоҷикистон намедонистанд, ки рӯзе мешавад он ин қадар ба ҳаёт ва рӯзгори ҷомеа пайвандии зич пайдо мекунад. Воқеан ҳам таърихи радио дар Тоҷикистон нишони он аст, ки радио ба тору пуди ҳаёти мардум ворид шудааст ва рӯзгори мардумро ҳам дар гузашта (то замони истиқлолият), ҳам имрӯз бидуни радио тасаввур кардан ғайриимкон аст».
«Агар мо ба рушду такомули радиошунавонӣ дар Тоҷикистон назар андозем, мебинем, ки замоне буд радио танҳо дар як вақти муайян барнома пахш мекард. Имрӯз шабакаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар як шабонарӯз бештар аз 400 соат барнома пахш мекунанд ва ин барномаҳои радиоӣ, махсусан барномаҳои «Радиои Тоҷикистон» дар пур кардани фазои иттилоотии Тоҷикистон, амнияти иттилоотии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо ва тарғибу ташвиқи маърифати замонӣ нақши назаррас доранд»,- зикр кард Сангин Гулов.

АМИТ "Ховар"