«Муаллим»-барандаи ҷоизаи «Беҳтарин филм»

6 июн дар шаҳри Инсбруки Австрия маросими эълони ғолибони 24-умин кинофестивали байналмиллалии Инсбрук баргузор гардид.
Дар ин кинофестивали байналмилалӣ филми «Муаллим» барандаи ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид.
Мавриди зикр аст, ки ин ҷоизаро Ҳукумати кишвари Тирол таъсис додааст ва ҷоиза аз миёни кишварҳои Аврупо, Амрикои Лотинӣ, Африқо ва Осиё насиби филми тоҷикии «Муаллим» гардид.   
АМИТ «Ховар»