«Сомон Эйр» парвозҳоро муваққатан дар масири Душанбе –Урумчӣ қатъ намуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд, ки моҳи феврали соли 2020 парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчи-Душанбе муваққатан қатъ намояд. Ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони худ барои эҷоди нороҳатӣ, ки бо сабаби таъмини бехатарӣ ба амал омадааст, узрхоҳӣ менамояд.

Аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим дар иртибот ба эълон шудани ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба хуруҷи глобалии сирояти  коронавирус, ҳамзамон дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти ин эпидемия гирифта шудааст.

Тибқи хабари сарчашма, маблағи чиптаи мусофирони хатсайрҳои қатъшуда баргардонида мешавад ва ё бо хоҳиши мусофирон чиптаи парвоз ба муҳлати дигар иваз хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро оид ба хатсайрҳои қатъшуда метавонед аз маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои 44 640 40 49 ва 44 640 40 50 дастрас намоед.

Мусаллам аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо сабаби ҷашни Соли нав дар Чин аз 24 январи соли ҷорӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Урумчи ва бозпас муваққатан қатъ карда буд. Хатсайри аввалин дар самти Душанбе-Урумчи баъди таҷлили Соли нав ба 4 феврал ба нақша гирифта шуда буд.

АМИТ «Ховар»