«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Академияи идоракунӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таъсис ёфт

Дар маҳфили илмию амалии  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба мазмун ва мундариҷаи  повести «Одина»- и устод

Садриддин Айнӣ, нақши он дар адабиёти муосири тоҷик   мубодилаи афкор намуданд. Аъзои  маҳфил  барои  ҷамъомади навбатӣ  мутолиа асари «Намунаи адабиёти тоҷик» ва баёни андешаҳоро дар атрофи ин асар  интихоб намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин  маҳфили илмию амалӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» дар назди китобхонаи илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аъзои он аз ҳисоби устодон, донишҷӯёну магистратон интихоб гардидаанд.

Ташкилкунандагони маҳфил нақша доранд ҳар ҳафта як китоби илмӣ ё бадеиро мутолиа намуда, доир ба мавзӯъ ва муҳтавои он андешаронӣ намоянд.

Зикр гардид, ки бо дастгирии ректор Абдухалил Ғафурзода дар Академия китобхонаи бадеию сиёсӣ аз ҳисоби устодону кормандон барои алоқамандону дӯстдорони каломи бадеъ бо теъдоди 5 ҳазор нусха китоб таъсис дода шуд.

Ҳамзамон Китобхонаи марказии Академия низ дар сатҳи баланди хизматрасонӣ мавриди истифодаи маърифатафрӯзону дӯстдорони китоб қарор гирифтааст.

Сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Академия Восиф Салоҳиддинов иброз дошт, ки маҳфил дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 таъсис дода шудааст.

Ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯёну магистрантон ба китобу китобхонӣ буда, баргузории чунин маҳфилҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд.

Сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Академия Зоҳир Қодиров таъкид дошт, ки таълимоти дуруст ва ахлоқи ҳамида метавонад инсонро ба фатҳи қуллаҳои баланд расонад. Аз ин рӯ моро мебояд ҳар чи бештар ба хондани китобҳои бадеиву таълимӣ рӯ биорем, то ин ки малакаю маҳорат ва кордонии хешро васеъ намоем.

Дар ҳақиқат, китоб омӯзгору устоди роҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо ба аҳли башар донишу илму ҷаҳонбинӣ бахшидааст. Китоб инсону ҷомеаро камол бахшида, дар ҳошияи ҳама гуна фаъолият чун як муаллиму ҳидоятгари беминнат ҳузур дорад. Файласуфи франсавӣ Дени Дидро ҳанӯз дар асри 18 ҷараёнҳои нави инкишофи фарҳанги тамаддунро ба назар гирифта, гуфта буд, ки «…инсоният вақте ки мутолиаро қатъ менамояд, тафаккурро аз даст медиҳад».

Мудири китобхонаи Академия Алиакабар Ҳаётзода иброз намуд, ки халқи тоҷик аз зумраи он миллатҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад.

Зикр гардид, ки дари кошонаи илму маърифат, яъне китобхонаи Академия ҳамеша барои ихлосмандону донишҷӯён боз аст. Зеро бо ибтикори Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардидааст ва аъзои маҳфили мо талош доранд дар он сарбаландона ширкат варзанд.

АМИТ «Ховар»