Арзиши оромию суботи Ватан

«Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.
Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.
Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд.
Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд».
Эмомалӣ Раҳмон