Вазоифи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

«Имрӯз боз ду шабакаи нави телевизионӣ бо номҳои «Варзиш» ва «Синамо» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки бешубҳа, дар самти пурра гардонидани фазои иттилоотии кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Ба фаъолият шурӯъ намудани ду шабакаи барои пешрафти ҷомеа зарурӣ ва Академияи воситаҳои ахбори омма идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати кишвар буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии кормандони телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин тарғиби боз ҳам бештари арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ созмон дода шудаанд.
Вобаста ба ифтитоҳи ду шабакаи нав ва ба фаъолият оғоз кардани Академия кулли кормандони телевизион ва радио, ҳамчунин кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро табрик менамоям.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки таъсиси шабакаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии кишвар ба иттилооти зарурӣ мусоидат менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон