Гузориш аз ҷараёни ифтитоҳи МД ТВ «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО (ВИДЕО)

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма - Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.
Мавриди зикр аст, ки таъсиси муассисаҳои нави телевизионӣ дар баробари шабакаҳои дигари давлатии телевизион ва радио дар даврони соҳибистиқлолӣ тӯҳфаи арзанда барои кормандони соҳа ва қадами бузурге дар роҳи таъмини амнияти иттилоотӣ ва пур кардани фазои иттилоотии кишвар мебошад.
Барои таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш”, Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, шахсони соҳибтаҷрибаи соҳа роҳбарони академия ва шабакаҳои мазкур таъин карда шуданд.