Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов: «Туркманистону Тоҷикистон дорои имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд»

Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд. Ин матлабро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зимни изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуда, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номид.

Президенти Туркманистон аз мавҷуд будани шароити мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзӣ ёдовар шуда, зарурати таҳкими талошҳоро ҷиҳати ҳавасмандгардонии муносибатҳои соҳибкорӣ, шиносоии намоиши тарафайн бо маҳсулоти истеҳсоли ду кишвар, омӯзиши имкониятҳои содиротӣ-воридотӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкории иқтисодиро зикр намуд.

Номбурда ҳамзамон аҳамияти амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарини нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад, таъкид намуд.

Ба андешаи Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, санадҳои ба имзорасида заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Туркманистону  Тоҷикистонро таҳким хоҳанд бахшид.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии ҳайати Туркманистон, истиқбол ва пазироии гарму дӯстона миннатдорӣ изҳор намуда, аз Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом диҳад.