Дар Душанбе Конференсия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман ба кор шурӯъ мекунад

Баъд аз чанд лаҳза дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад.
 
Дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд.
 
Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ба шаҳри Душанбе роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин  муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, Директори минтақавии Маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, намояндагони олимақом аз 110 мамлакати ҷаҳон, сохторҳои гуногуни СММ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои бузурги тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташриф овардаанд.
 
Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон гузаронида мешавад.
 
Мавриди зикр аст, ки дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷаласаи махсус баргузор шуда буд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии беш аз 177 кишвари аъзои СММ пешниҳод ва қабул шудааст.
 
Мувофиқи қатъномаи СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028   22 март оғоз гардид ва он то 22 марти соли 2028 идома меёбад.