Дар Тоҷикистон телевизиони «Илм ва табиат» таъсис меёбад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2020 Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» қарор қабул намуд, ки тибқи он Оиннома ва сохтори муассисаи мазкур тасдиқ карда шуд. Дар шабакаи нав  87 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ Аҳлиддин Салоҳзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

-Дар Оинномаи тасдиқшудаи  муассисаи навтаъсиси «Илм ва табиат» омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш мекунад,-гуфт Аҳлиддин Салоҳзода.

Мақсад аз ташкили ин муассиса-таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо хабару гузоришҳои илмӣ, барномаҳо оид ба дастовардҳои олимони дохилу хориҷи мамлакат, барномаҳои ҷолиб барои дӯстдорони табиат  ва дигар барномаҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки 18 марти соли равон  дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис диҳад. Дар ин шабака ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созанд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид моҳи июли имсол иброз намуда буд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав низомномаву лоиҳаҳо таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардиданд.

АМИТ «Ховар»