Дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қариб 1700 иншооти таъйиноти гуногун сохта шудаанд

Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмон ва таъмиру навсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, бунёди 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, ки 15 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ доир гардид, баён доштанд.

Зикр гардид ки ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳаллаи нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд.

Вобаста ба ин, Роҳбари давлат ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки навсозии се километр роҳи маркази шаҳри Хоруғ ва чароғонкунии онро дар муҳлатҳои наздиктарин амалӣ намояд.

Президенти ҷумҳурӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ дар панҷ соли охир ёдовар шуда, зикр карданд, ки танҳо дар солҳои 2013-2018 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 4 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Умуман, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода супорида шудааст.

Дар ин муддат танҳо дар ноҳияи Шуғнон бо сарфи беш аз 270 миллион сомонӣ 301 иншооту биноҳои нав бунёд шуда, симои ноҳия имрӯз ба як шаҳри замонавӣ монанд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни сафари навбатии кории Президенти мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 иншооту биноҳои таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмурӣ ба истифода дода шуд, ки барои бунёду навсозии онҳо аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо 890 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо сохтмони якчанд иншооти дигар, аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оғоз гардид.