Дастовардҳои иқтисодӣ дар давоми 25 соли Истиқлол

«Рушди устувори давлату давлатдорӣ дар заминаи хушку холӣ ва фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст.
Аз ин рӯ, мо ҳанӯз аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии худ эълон намудем.
 Яъне таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат мебошад.
Дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо Ҳукумати кишвар азми қатъӣ дорад, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидро ба хотири мунтазам беҳтар гардидани зиндагии сокинони мамлакат пайгирона ҳаллу фасл намояд.
Тавре ки кулли мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд мушоҳида мекунанд, дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоид ба вуҷуд омад, ки раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бомаром идома ёфта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд».
Иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон