Зимистони Душанбе...

Воқеан, вақте барф меборад, гӯё замину осмон сафед мешаванд, мӯъҷиза рух медиҳад, ҳама ҷо нур мегирад, дили мо ба ваҷд меояд, зеро барф на танҳо замину само, балки дилу рӯҳи инсонҳоро низ сафеду пок месозад.
Барфи аввал- ҳиссиёти хушу гувороеро дар дили кас бедор месозад.
Барф зуд об мешавад, вале хотироти он то дер дар қалбҳо боқӣ мемонад, ёдҳоро ба таҳрик меорад. Барфи аввал мисли ишқи аввал аст, ки дилҳоро ба шӯр оварда, ноаён ё ногаҳон ғайб мезанад.
Барф-ин рамзи нур, покизагӣ ва аз нав эҳё шудан аст. Тавре дар шеъри маъруф гуфта шудааст: «Барф давр мезанад, парвоз мекунад, Бодкашон ҳамаро мебарад…» (тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ). Барфи сафед ҳама он хотироти мағшуши гузаштаи моро бо  худ мебарад ва асари нек боқӣ мегузорад.
Барф мисли варақи сафед аст, ки метавон онро бо рангҳои гуногун наққошӣ кард. Аз ҷумла, метавон таърихи ҳаёти нави худро бо ислоҳ кардани хатоҳои қаблӣ аз нав навишт.
Мегӯянд, якрангӣ дилгиркунанда аст, вале ранги сафед рӯҳро оромиш бахшида, ба асаб ва рӯҳу ҷон таъсири нек мерасонад. Бесабаб намегӯянд:  «дар олам  дарде нест, ки барф табобат накунад».
Барф-рамзи дигаршавии табиат, заминагузори ҳосили хуби оянда, рамзи фаровониву боигарист!
Ранги сафед рамзи латофат, нур, фар, рамзи нуфуз  ва музаффарият аст!
Барф меборад…Биёед бо ҳам шодӣ мекунем! Шодӣ аз барфи аввал, аз субҳи босафо, аз шуъои гарми офтоб, аз оби мусаффо ва аз осмони нилобии болои сар. Аз ҳар рӯзи пурфайзи зиндагӣ.

Ихтисор ва бо каме тасарруфот аз сайти  АМИТ "Ховар"