Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700 - солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ азнавсозӣ карда шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати кормандони осорхонаро ба корҳои ободонӣ ҷалб намуд, зеро ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ, бахусус онҳое, ки аз зиндагии ибратбахш ва осори гаронарзиши пур аз пандуахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ огоҳ ҳастанд, барои зиёрат ба ин ҷо ташриф меоранд. Ҳамчунин Сарвари давлат барои чопи асарҳои пурарзиши ин мутафаккири барҷастаи машриқзамин ва огоҳонидани мардум аз он ба масъулин ҳидоятҳо дод.