Иди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!

"Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишварамон мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд.
Иди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.
Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд".
Эмомалӣ Раҳмон
 
Ҳамватанони азиз, иди Қурбонро ба ҳамаи Шумо ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати беҳисобро орзу менамоям.
Иди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!
Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио