Ид муборак Модарони азизу меҳрубон!

Модарону бонувони меҳрубону азиз! Ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаатон таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, сарбаландӣ, хонаи ободу рӯзгори беғамро таманно дорем. Бигзор хонадони ҳар як тоҷикистонӣ мамлуъ аз табассум ва хандаҳои Шумо бошад ва фарзандони ба сад умед тарбиятнамудаатон дар пешрафт ва тараққиёти кишвари азизамон – Тоҷикистони ба ҷон баробар саҳмгузор бошанд. Чун шумо ба танҳоӣ нисфи миллатед ва нисфи дигари миллатро маҳз Шумо тарбият менамоед, ки дар умум тамоми миллат ҳастед…
Ид муборак модарони азиз! 
Роҳабарияти Кумитаи телевизион ва радио