Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн 18 — 19 июни соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар таърихи 20 – 21 июни 2018 иштирок хоҳад кард. Аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ истиқболи гарму самимӣ сурат гирифт.

2. Мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн баргузор гардид ва дар пайи он нишати васеи ҳайатҳо бо ҳузури ҷонибҳо доир гашт.

3. Ду роҳбар масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокимаи амиқ қарор доданд.

4. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббуси он ҷиҳати баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” табрик намуд. Роҳбарон зарурати расидан ба дастрасии ҳаматарафа ва одилона ба оби ошомидании безарару тозаро тавассути мудирияти рушдёфтаи обу беҳдоштӣ дар доираи ҳадафҳои рушди устувори CММ пешбинигардида таъкид намуданд.

5. Ду Роҳбар:

— Аҳамияти ҳамкории муштараки ҳамаҷонибаро барои таҳкими роҳ ба шарикии стратегӣ ва ҳамбастагии устувори минтақавӣ эътироф намуданд;

— Ба муштаракоти умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои байни мардумони Тоҷикистону Покистон арҷгузорӣ карданд;

— Аҳамияти ҳамоишҳои байналмилаливу минтақавиро барои фароҳамсозии майдони ҳамкории муассир ва заминаҳои муштарак, ки ҷавобгӯи ормонҳои неки дуҷониба, минтақавӣ ва глобалӣ мебошанд, аз ҷумла аҳамияти ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра бори дигар таъкид намуданд;  аҳамияти даъват ба иқдомҳои якҷоя ва фарогир барои ҳамгироӣ дар тамоми бахшҳои минтақаро қайд карданд.

6. Ду Роҳбар дар робита ба рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, энергетика, нақлиёт, мудофиа ва амният имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

7. Ду Роҳбар аҳамияти пайвастагии минтақавиро тариқи бунёди шабакаҳои роҳи оҳан, заминӣ, ҳавоӣ ва рақамӣ барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баланд бардоштани эътимоди байни кишварҳои минтақа ҷиҳати суботу амнияти бештар эътироф карданд. Таъкидан қайд карда шуд, ки тамоми мақомоти марбута, аз ҷумла мақомоти авиатсионии ҳарду ҷониб раванди шабакаҳои алоқа ва дубора барқарор намудани хизматрасонии ҳавоиро фаъол созанд. Покистон ҳамзамон азми Тоҷикистонро барои дастрасӣ ба бандари Гвадар комилан дастгирӣ мекунад.

8. Ҷонибҳо ба сармоягузории мустақим ва муштарак дар минтақаҳои озоди/махсуси иқтисодии кишварҳои якдигар даъват намуданд.

9. Тоҷикистон ва Покистон аз қарорҳои дар рафти вохӯрии сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон барои татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар моҳи июли соли 2017 қабулшуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва пайвастагӣ истиқбол намуданд. Зарурати анҷоми саривақтии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 низ бори дигар таъкид карда шуд.

10. Ду Роҳбар қаноатмандии худро аз сатҳи густариши ҳамкориҳои амниятӣ, техникӣ ва низомии байни ду кишвар ва ҳавасмандиро барои таҳкими минбаъдаи ин ҳамкориҳо иброз доштанд.

11. Узвияти комилҳуқуқи Покистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои ҳамгироии васеъ дар минтақа имконияти бештар фароҳам месозад. Покистон азми худро барои тарғиби «Руҳияи Шанхай» дар асоси эътимоди мутақобила, манфиати муштарак, баробарӣ, машварат, эҳтироми гуногунии фарҳангӣ ва кӯшиш барои рушди умумӣ таъкид мекунад.

12. Покистон аз раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ истиқбол намуда, дастгирии комили худро ба лоиҳаҳои СҲИ ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи раёсат дар ин созмон иброз менамояд.

13. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти амниятӣ дар минтақа, ду Роҳбар таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди тахдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки комёбиҳои Покистон дар мубориза бо терроризм тавассути гузаронидани амалиётҳои “Зарби Азб”, “Радд — ул — фасод” ва “Нақшаи амали миллӣ” барои сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.

14. Ду Роҳбар бори дигар азми қотеонаи худро ҷиҳати дастгирии раванди мусолиҳа дар Афғонистон, ки барои истиқрори сулҳу суботи минтақавӣ аҳамияти ҷиддӣ дорад, баён намуданд. Онҳо бори дигар бар аҳамияти раванди музокироти сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон бо роҳбарӣ ва ризоияти худи афғонҳо таъкид намуданд. Ду Роҳбар нақши муҳимми ҳамкориҳои минтақавиро ҷиҳати таъмини сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон қайд карданд.

15. Ду Роҳбар аҳамият ва зарурати ҳалли ҳамаи ихтолофоту низоъҳоро дар минтақа бо роҳи музокироти бардавом ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усули Ойинномаи СММ таъкид карданд.

16. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ, ки нисбат ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дар рафти сафар сурат гирифт, изҳори сипос намуд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар ҳар замони барояш муносиб аз Покистон боздид намоянд. Даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

Дар шаҳри Душанбе 19 июни соли 2018 ба имзо расид.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

 

Президенти
Ҷумҳурии Исломии Покистон
Мамнун Ҳусейн